Фотимаву Зуҳро ва Ҳасану Ҳусейн чоргоникҳои оилаи ҷавони тоҷик - чормоҳа шуданд. Вазъи саломатии онҳоро волидонашон хуб арзёбӣ мекунанд. Падару модар аз таваллуди чоргоник хело хушҳоланд, аммо нигаронанд, ки рӯз то рӯз бо бузург шудани тифлон мушкилашон меафзояд.
Ба далели ин ки тавони волидайн ба танҳоӣ барои парастории кӯдакон намерасад, Далер Файзулоев падари чоргоникҳо хушдоманашро барои ёрдам даъват кардааст.
"Бароям мушкил шудааст ростӣ гап, бо ин 1200 сомоние, ки маош мегирам аз ин дида зиёд карда намешавад. Танҳо пули иҷораи хонаро медиҳам. Агар хона аз худам мебуд, ман ин маошро сад дар сад ба зиндагӣ мерасондам. Дар як моҳ танҳо бо 500-600 сомонӣ барои кӯдакон шири сунъӣ бояд бихарам".
Ба ҷузъ ин, қариб ҳамин миқдор пули дигарро барои масрафи боғчаи писари калониаш медиҳад.
Далер баъд аз хонадор шудани бародараш хонаи падарро тарк кард ва дар пойтахт иҷоранишин шуд, чун дар як ҳавлӣ имкони зиндагӣ кардани се оила вуҷуд надошт.
Далеру ҳамсараш то ин вақт дар хонаи хусуру хушдомаша зиндагӣ мекарданд.
Ҳоло мегӯяд, хонаи хусуру хушдоманам фақат ба танҳоӣ метавонам биравам, зеро хонаи онҳо ҳам танг аст, ҷой намерасад. Боли ин сунҳор (келин) доранд.
Таваллуди дугоник ё бештар аз он, дар таърихи Тоҷикистон камназир аст. Онҳое, ки пештар чоргоник таваллуд карда буданд, барояшон маблағҳои қобили мулоҳиза ё хонаву дигар туҳфаҳои гаронбаҳо медоданд. Ин хонавода то имрӯз умед бар он доранд, ки мақомоти дахлдор чун дигар оилаҳои чоргонику панҷгоник, ки соҳиби сарпаноҳ шуданд, мушкили бехонагии инҳоро низ бартараф хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки аз ин қабл ҳам Далеру ҳамсараш барои дарёфти хона Файзуллоев, сокини пойтахт, ки ҳамсараш Сарвиноз Аскароваи 34-сола рӯзи 15-уми декабр дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт чоргоник таваллуд карда буд ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардааст, то барои нигоҳубини фарзандон ба онҳо дар дарёфти манзил ёрӣ кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста