Намояндаи тоҷиктабори Русия Манижаи Сангин ба даври финалии озмуни мусиқии “Евровидение-2021” роҳ ёфт. Даври аввали финалии озмун шоми рӯзи сешанбе дар толори Ahoy дар Роттердам баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
“Намояндаи Русия ба даври финалӣ баромад”, - эълон карданд ровиён.
Натиҷа аз рӯйи ҷамъбасти овоздиҳии ҳайати ҳакамон ва тамошобинони телевизиони кишварҳои иштирокчии даври нимфиналӣ муайян карда шуд.
Тибқи натиҷаҳои даври аввали нимфиналӣ овозхонони кишварҳои Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина (бо Манижа - 10 нафар) низ ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд.
Даври дуюми финалии озмун 20 май доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он боз 10 нафари дигар ба даври финалӣ роҳ меёбанд. Даври финалии озмун рӯзи 22 май доир мегардад.
Намояндагони кишварҳои “Панҷгонаи бузург”-и “Евровидение” (кишварҳои муассиси озмун) - Фаронса, Олмон, Италия, Испания ва Британияи Кабир, инчунин овозхони кишвари ғолиб дар озмуни пешина - Нидерланд ба таври автоматӣ дар даври финалӣ иштирок мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста