Роҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сокинон ва меҳмонони маркази вилоят риояи талаботи одии беҳдоштӣ (гигиена)-и ҷамъиятӣ ва шахсиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва макони сериздиҳом нодида мегиранд.
Зимни як силсила вохӯриҳо бо роҳбарони маҳаллаву бахшҳои маориф ва тандурустӣ, марказҳои савдо ва бозор, инчунин сокинони шаҳр ӯ дар бораи нишондиҳандаҳои омории ташвишовари марбут ба паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон, инчунин вазъият дар ҳамсоякишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон маълумот дод, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд Маъмурхон Юсуфзод.

Ба гуфтаи Таҳмина Усмонова, ҳарчанд аз аввали сол дар Тоҷикистон дигар ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19 сабт нашуда бошад ҳам, Вазорати тандурустӣ ва ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру вилоят дар мавриди пешгирии мавҷи нави коронавирус тадбирҳо меандешанд.
Зикр шуд, ки дар доираи ин тадбирҳо кормандони тиббӣ, бахусус табибони оилавӣ бояд корҳои пешгирӣ ва таблиғотиро тақвият бахшанд.
Ба гуфтаи роҳбари Марказ, инчунин раисони маҳаллаҳо ва кормандони соҳаи маориф бояд бо марказҳои солимӣ ҳамкориро ба роҳ монанд.

“Хавфи мавҷи нави COVID-19 то ҳол вуҷуд дораду аз байн нарафтааст. Ягона роҳи сироят наёфтан ба вирус роҳандозии чораҳои эҳтиёткориу пешгирӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи ниқоб ва маҳлулҳои зиддисептикӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ... мебошад. Хавфи гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирусро нодида гирифтан лозим нест, ин ба солимӣ ва ҳаёти инсон хатари зиёд дорад”, - илова кард Таҳмина Усмонова.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста