Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон кард, ки аз 7 июни соли 2021 дарсҳои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҷамъбаст гардида, муҳассилини макотиби миёнаи кишвар ба таътили тобистона мераванд.
Тавре дар хабарномаи вазорати маориф омадааст, 1-уми июни соли ҷорӣ бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021, фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 2 июн 2021, ба тасвиб расид.
Тибқи банди 1 ин фармоиш машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 июни соли 2021 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 7 июни соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.
Ҳамчунин, дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона гузаронида мешавад.
Инчунин дар ин хабарнома қайд карда шудааст, ки аз 9 июн то 17 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (рӯзона) гузаронида мешавад.
Тавре дар фармони вазир омадааст, ки аз 9 июн то 16 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн гузаронида шаванд.
Гуфта мешавад, омӯзгорону хонандагон метавонанд бо нусхаи фармоиши мазкур, ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - гузошта шудааст, шинос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки таътили тирамоҳӣ ва баҳории мактаббачагони Тоҷикистон соли 2018 баргардонида шуд. Қабл аз ин, аз соли 2010 Вазорати маориф қарор кард, ки ҷадвали онҳоро тағйир диҳад.
Илова ба давраи тобистон, мактаббачагон танҳо дар фасли зимистон истироҳат мекарданд, ки таътил тамоми моҳи январ давом мекард. Имсол дигар таътил мисли соли 2009 баргардонида шуд, ғайр аз таътили тобистонаи мактабачагон ки аз 25 май оғоз мешуд. Ин байни падару модарон баҳси зиёдеро ба бор овард ки ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста