Дар Душанбе ҳамаи сокинони аз 18-сола болоро алайҳи коронавирус воксин мезананд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазорат мегӯяд, ки бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.
"Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд",-омадаат дар хабарномаи Вазорат.
Тоҷикистон то кунун ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаҳои "Астразенека"-и бритониёӣ ва "КоронаВак"-и чинӣ гирифтааст. Баъди ворид кардани воксини чинӣ Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки дар навбати аввал сокинони аз 60-сола болоро воксин мезананд.
Маъракаи густардаи воксинзанӣ дар Душанбе дар ҳоле оғоз мешавад, ки Тоҷикистон таъйид кард, ки аз 21-уми июн ба баъд дар кишвар хуруҷи дигарбораи коронавирус сабти ном шудааст ва то кунун дар хуруҷи дубора 63 нафар сироят ёфтаанду 11 нафари онҳо табобат шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста