Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, дар Кумиати Иттифоқҳои касабаи вилоятӣ масъалаи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар чорчӯбаи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ба баҳс кашида шуд.
Дар ин нишаст, ки бо ҳузури раҳбарони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи бархе ширкату корхонаҳои ин вилоят доир шуд, зикр шуд, ки ин як нишасти иттилоотӣ аст, ки масъулони иттифоқҳои касаби вилоят донишҳои худро дар бахши ҳуқуқи меҳнатии кормандон такмил медиҳанд.
Ин нишаст, ки аз сӯйи созмони “Дунёи ҳуқуқ” дар ҳамкорӣ дар доираи тарҳи вижае, ки аз сӯйи Институти Ҷамъияти Кушода роҳандозӣ шудааст, ки дар сар то сари Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар бахши муқаддимавии ин нишаст раиси Шӯрои иттифоқҳои касбатаи вилояти Хатлон Абдурозиқ Розиқзода ва раиси созмони “Дунёи ҳуқуқ” Гулчеҳра Холматова бо таъкид бар зарурати ин гуна нишастҳо, зикр карданд, ки вақтҳои охир баҳсҳои зиёде дар муносибатҳои меҳантии кормандон ба вуҷуд меояд, ки ҳатто то марҳилаҳои додгоҳӣ мерасанд.
Алӣ Саидзода сардори шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишаст, ки дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар ва байналминалӣ дар бахши ҳуқуқҳои меҳнатӣ суханронӣ мекард, ки гуфт дар бахши риояи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон дар Тоҷикистон мушкилоти фаровоне вуҷуд дорад ва кумитаҳои иттифоқҳои касаба бояд барои ҳимояи онҳо фаъолтар бошанд.
Дар ин баҳсҳо ҳамчунин мавзуъҳои ба кор пазируфтану барканор кардани кормандон, пардохти рухсатиҳои беморӣ, варақаҳои корношоямӣ ва фиристодани кормандон ба истироҳату табобат баҳсҳои доғеро ба бор овард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста