18-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистонии Оғохон барномаи лоиҳаи глобалии “Мактабҳои 2030” муаррифӣ гардид.
Дар оғоз муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Гулчеҳра Ғанизода ва роҳбари барномаҳои Фонди Тоҷикистонии Оғохон Ҷавлон Ҳамдамов суханронӣ карданд.
Саломиён доир ба ҳамкориҳои шарикони рушд дар соҳаи маориф ва ташаббусҳои Фонди Оғохон дар Тоҷикистон, аз ҷумла, барномаи рушди барвақтии кӯдак, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои омӯзгорон дар зинаҳои таҳсилот, баланд бардоштани савияи дониши толибилмон, таъмини муассисаҳо бо маводи таълимӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии омӯзгорону хонандагон оид ба гигиена, оби нушокӣ ва ғизои солим андешаронӣ кард.

Роҳбари бахши маорифи Фонди Тоҷикистонии Оғохон Шералӣ Саидошуров ва мутахассиси ин бахш Садбарг Мирова барномаи рушди маорифи ФТО ва фаъолияти рушди маориф дар доираи лоиҳаи “Шукуфоии Тоҷикистон”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Барномаи лоиҳаи глобалии “Мактабҳои 2030” аз ҷониби мутахассиси бахши маорифи ФТО дар ВМКБ Фирӯза Назархудоева муаррифӣ шуд ва аз ҷониби ширкаткунандагон ҳимоят шуд.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи “Мактабҳои 2030” барои солҳои 2021-2030 дар муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва миёна дар 10 кишвари дунё роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи лоиҳаи мазкур рушди натиҷаҳои ҳамаҷонибаи омӯзиши хонандагон, беҳтар намудани рушди сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути муайян намудани мушкилот, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва таҳияи лоиҳаҳо аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, дарёфти роҳҳои ҳал ва таҷрибаи беҳтарини педагогӣ ва баррасӣ намудани онҳо дар сатҳи миллию байналмилалӣ мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста