Шоми 30 июн шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар ба 13499 нафар расидааст.
Теъдоди одамони сиҳатшуда 18 нафар афзудааст - тибқи омори расмӣ ҳоло шумораи онҳо 13 302 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи фавтидагон аз коронавирус бетағйир мондааст: аз оғози пандемия 90 нафар. Ин дар ҳоле, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз мавридҳои марги шахсиятҳои маъруф хабар дода мешавад. Дирӯз Вазорати тандурустӣ ин гуна хабарҳоро комилан рад кард ва ба asia+ гуфт ин хабарҳо беасосанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон ҳазорҳо нафар тахмин зада мешавад.
Ваксинзании оммавӣ дар кишвар идома дорад. Ҳамзамон, овозаҳое паҳн шудаанд, ки ваксинаи чинӣ як маротиба эм карда мешавад. Ин овозаҳоро Вазорати тандурустӣ рад кард ва қайд кард, ки ваксинаи чинӣ, ба мисли ваксинаи AstraZeneca, ду маротиба гузаронида мешавад.
Дирӯз дар вилояти Суғд захираи воксин тамом шу два мардум пушти дари дармонгоҳҳо барои гирифтани воксин навбатпойӣ карданд. Мақомоти тандурустии ин вилоят мегӯянд, ки бояд 100 ҳазор воя воксин ворид шавад, аммо дақиқ намедонанд, ки кай.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста