Дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон дигарбора мавзӯи маҳдудияти барқ ё “лимит”-и тобистонӣ ба миён омадааст. Шабакаҳои барқи вилоят дар ин бора мардумро расман огаҳ накардаанд, аммо сокинон мегӯянд, беш аз як ҳафтаи ахир ҳамарӯза дар соатҳои гуногун аз истифодаи барқ маҳруманд.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ ба ҷузъ марказҳои шаҳр, дигар дар ҳамаи ноҳияҳои вилояти Суғд мушкилии қатъ шудани барқ ба миён омадааст. Инро сокинони чанд ноҳия дар суҳбат ба “Азия-Плюс” таъйид карданд ва гуфтанд, ҳамарӯза аз як то се чаҳор соат ва ҳатто баъзе рӯзҳо то беогоҳӣ барқро хомӯш мекунанд.

Шодмон, як сокини ноҳияи Ашт мегӯяд, беш аз як ҳафтаи ахир дар соатҳои гуногун ва рӯзҳое ҳатто пурра то бегоҳ барқ дар ин ноҳия хомӯш мешавад. Ӯ гуфт, далели маҳдудияти барқро шабакаҳои барқии ноҳия шарҳ надодааст ва гоҳу ногоҳ рӯзона ва шабона ҳам барқро хомӯш мекунанд.

“Мисол, 5-уми июл аз соати 9:00 то 12:00 дар ҷамоати Понғоз барқ набуд. Як графики аниқи барқкушӣ нест, кай хоҳанд мекушанд ва кай хоҳанд дар мегиронанд. Гоҳо соатҳои 20:00 ё 21:00-и  шабона ҳам барои чанд соат барқ якбора хомӯш мешавад”.   

Шаҳром Шарипов, як сокини ноҳияи Деваштич ҳам таъйид кард, ки беш аз як ҳафтаи ахир дар ин ноҳия барқ дар соатҳои гуногун ва асосан рӯзона хомӯш мешавад. Ӯ гуфт дар яке аз мағозаҳо бо фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ машғул аст ва дар ин рӯзҳои гармо барои нигаҳдошти маҳсулот ба хусус яхмосу ҳасибу дигар шириниҳо яхдон бояд мунтаззам кор кунад. Вале барқ ногаҳон муддати чанд соат хомӯш мешавад ва яхдонҳо аз кор мондаву гоҳо маҳсулот то ба вайроншавӣ мерасанд.   

“Барқ дар ноҳия, ҳамарӯза аз як то се чаҳор соат ва ё аз он зиёдтар хомӯш шуда истодааст. Дар мағоза аксари маҳсулотро дар якдон нигоҳ медорем, вақте ҳамарӯза барқ дар соатҳои гуногун хомӯш мешавад якмосу ҳасибу дигар шириниҳои дохили яхдон об мешавад. Ҳасибҳои яхкарда борҳо об кушода варам мекунад тез вайрон мешавад. Маҷбур онро аз савдо мегирем”.


Аз ноҳияҳои Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Панҷакент ва дигар ноҳияҳо низ таъйид карданд, ки як ҳафтаи ахир ба мушкилии маҳдудияти барқ рӯ ба рӯ ҳастанд ва давоми чанд соат якбора бе барқ мемонанд.

Сокинон мегӯянд, дар фасли тобистон ба миён омадани мушкилии барқрасонӣ онҳоро нигарон кардааст. Ба хусус дар ин рӯзҳои гармо барои обёрии хоҷагиҳои деҳқонӣ нассоҳо бояд кор кунад, дар мағозаву хонаҳо яхдону ҳавохунуккунакҳо барои нигаҳдошти маҳсулоту саломатӣ фаъол бошад, мегӯянд онҳо.

Аз Идораи шабакаҳои интиқоли барқ дар вилояти Суғд далели маҳдудияти барқ дар ноҳияҳоро ба якбора гарм шудани ҳарорати ҳаво ва таъсири он ба кори зеристгоҳҳои барқӣ рабт доданд.

Муҳиддин Аҳмадзода, роҳбари шабакаҳои интиқоли барқи Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт дар ин шабу рӯзҳо ҳамаи трансформаторҳои зеристгоҳҳо якбора гарм шуда, хавфҳоро ба вуҷуд меорад ва барои пешгири аз корношоямшавӣ барқро хомӯш мекунем.

“Ҳарорати ҳаво то 46 дараҷа гарм аст, оҳан ба худаш гармӣ мегирад 50-60 дараҷа шуда меравад. Аз ҳамин сабаб ҳарорати трансформаторҳо якбора баланд шуда истодааст. Баъдан нассосҳои обкашии хоҷагиҳои деҳқонӣ назар ба солҳои пештара бениҳоят бисёр кор карда истодааст. Дар вилояти Суғд зиёда аз 5 ҳазор чоҳи амудӣ дар худи мардум мавҷуд аст. Пойгоҳҳои обкашӣ низ бисёр кор карда истодааст”.

Ӯ гуфт дар сурати паст шудани ҳарорати ҳаво, эҳтимол мушкилии маҳдудияти барқ аз миён равад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи мӯътамади “Азия-Плюс” аз Идораи шабакаҳои барқии Суғд бидуни зикри номаш, сабаби маҳдудияти барқро асосан ба кори зеристгоҳи барқии “Суғд-500” вобаста кард, ки дар Истаравшан ҷойгир аст. Ӯ гуфт “Суғд-500” ягона зеристгоҳи қабулкунандаву интиқолдиҳандаи нерӯи барқ аз ҷануб ба шимолии Тоҷикистон аст, ки ҳоло талабот ба барқ зиёд шуда, ба ин зеристгоҳ зӯр омада истодааст ва барои онки корношоям нашавад, барқро  хомӯш карда истодаанд.

 “Ҳарорати трансформатори зеристгоҳи “Суғд-500” то 180 дараҷа гармӣ боло баромада истодааст. Дохили трансформатор равған ҳаст, агар аз ин ҳам гарм шавад дар мегирад. Ҳозир зеристгоҳро эҳтиёт накунем, Худо нахоҳад сӯхтор ё ягон ҳодисаи дигар шавад тамоми вилояти Суғд бебарқ мемонад. Алакай меъёри гармӣ аз меъёри муқаррарии трансформатор ба андозаи кофӣ зиёд шуда истодааст”.

Сокинон мегӯянд, дар фасли тирамоҳу баҳор бо ҷурми мушкилии камобӣ дар обанборҳо, дар зимистон иловатан ба далели сардиҳо ба мушкили маҳдудияти барқ мувоқеҳанд ва акунун далели қатъ шудани он дар тобистон ҳам пайдо шуд. Аммо ин бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон ба далели  гармиҳо мардум ба мушкили камбуди барқ  рӯ ба рӯ мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.