Давоми ду рӯзи истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 88 нафар зиёд шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 125 нафар расид.
Дар ин муддат боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 111 нафарро ташкил медиҳад.
Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 717 нафар ё худ 97,1%-ро ташкил медиҳад. Давоми ду шабонарӯз 58 нафар шифо ёфтаанд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксиназанӣ ҷараён дорад. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон то 16 июл 421 ҳазору 832 нафар ваксинаи зидди коронавирус гирифта, 20 ҳазору 190 кас ҳар ду воя (доза)-и ваксинаро гирифтаанд.
Ёдрас мекунем, ки 3 июл Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо паҳншавии сирояти нави COVID-19 ваксингирии шаҳрвандони синни аз 18-сола болоро дар Тоҷикистон ҳатмӣ эълон намуд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ аз ду ваксинаи зидди коронавирус - AstraZeneca ва CoronaVac истифода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста