Ба ҳолати 31 июл, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 78 нафар зиёд шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 82 нафар расид.
Шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия то ин муддат 121 нафарро ташкил медиҳад.
Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 556 нафар ё худ 9654%-ро ташкил медиҳад. Давоми шабонарӯз 86 нафар шифо ёфтаанд.
Маълумот дар бораи шумори сироятёфтагону шифоёфтагон ва фавтидагон аз беморӣ дар рӯзи 1 август нест.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро шояд бар асари паҳншавии штамми ҳиндии “делта” теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.
То 30 июл 660 ҳазору 742 нафар шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд. Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 49 ҳазору 229 нафар нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.
Дар ҷумҳурӣ имрӯз аз се ваксинаи зидди коронаирус - Moderna, AstraZeneca ва CoronaVac истифода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста