Ба ҳолати то шоми 5 август, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 76 нафар зиёд шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 440 нафар расид.
Шабонарӯзи гузашта 1 ҳодисаи фавт аз COVID-19 юа қайд гирифта шуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия ба 122 нафар расид.
Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 948 нафар ё худ 96,8%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 81 нафар шифо ёфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро шояд бар асари паҳншавии штамми ҳиндии “делта” теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.
Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия (эмкунӣ) бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.
То 4 августи соли равон дар Тоҷикистон 1 млн 13 ҳазору 808 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то рӯзи зикргардида 80 ҳазору 250 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста