Сафар Боев аз поягузорон ва президенти собиқи Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, президенти Федератсияи варзишгарони маъюби кишвар, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар синни 69-солагӣ бар асари бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора, варзишгари тоҷик Парвиз Бобошарипов хабар дод.
Ин варзишгари маъруфи тоҷик, бегоҳи рӯзи 9-уми август даргузашта ва имрӯз маросими ҷанозаи ӯ, соати 10.00 дар Душанбе баргузор шудааст.
Сафар Боев 28 октябри соли 1952 дар деҳаи Ғӯмасти ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1973 то 1983 ҳамчун корманди мақомоти қудратӣ фаъолият намудааст. Моҳи июни соли 1994 дар марафони байналмилалӣ аз шаҳри Санк-Петебурги Русия то Алма-Атои Қазоқистон дар масофи 9000 км ширкат варзидааст. 2 декбари соли 1994 худи Президенти вақти Федератсияи Русия Борис Елсин ба Боев барои ширкат дар ин марафон ордени “Мардонагӣ”- и дараҷаи сеюмро тақдим кард.

Ӯ ҳамчунин, соли 1997 ғолиби мусобиқаи Спартакиадаи меҳнаткашони Федератсия Русия гардида, сазовори медали тилло гардидааст.
Сафар Боев дорои ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиш, Корманди шоистаи варзиш буд. То охири умр, ҳамчун президенти Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард ва дар миёни ин қишри варзишгарон бо номи "одами оҳанин" маъруф буд.
Дар замони роҳбарии ӯ ҳамчун президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон як қатор варзишгарон дар Бозиҳои паралимӣ, Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Аз ҷумла, солҳои 2004, 2008, 2012 ва 2016 Тоҷикистонро як нафарӣ дар бозиҳои тобистонаи паралимӣ намояндагӣ карданд. Ҳамин тариқ, бори аввал соли 2018 варзишгари тоҷик Сиёвуш Илёсов Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи паралимӣ дар намуди лижаронӣ (кросс) муаррифӣ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста