Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи кумаки аз ҷониби Олмон ваъдашуда ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ваксинаҳои зидди коронавирус мегиранд. Дар ин бора муовини намояндаи расмии Олмон Улрике Деммер рӯзи душанбе, 9 август дар Берлин изҳори назар кард, хабар медиҳад DW.
Ба гуфтаи ӯ, ба Тошканд ва Душанбе мутаносибан 355 200 ва 100 800 воя (доза)-и ваксина ҷудо мешавад. Кай ба ин кишварҳо расонидани ваксинаҳо ҳоло маълум нест.
Ба дигар кишварҳо - Судон (357 600), Эфиопия (271 200) ва Афғонистон (213 600) низ ваксина дода мешавад.
Дар бораи то охири сол дар навбати аввал таъмин кардани кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта бо 30 млн вояи ваксин аз ҷониби Олмон 21 май зимни Нишасти глобалӣ оид ба тандурустӣ дар Рим қарор қабул шуд.
Ба гуфтаи Деммер, гирандагон кишварҳое хоҳанд буд, ки дар онҳо тибқи арзёбии СҶТ ва GAVI, эҳтиёҷ ба ваксина махсусан зиёд буда, дар он ҷо доруҳои мувофиқ фавран ба сифати як қисми маъракаи эмкунӣ истифода мешаванд.
Таъминот пеш аз ҳама тавассути механизми глобалии COVAX, ки ҳадафи он таъмини дастрасии баробар ба ваксинаҳои бехатар ва муассир пас аз дастрасии иҷозатнома ва сабти ном мебошад, сурат мегирад.
Дорувории тиббии истеҳсоли Британия ва Шветсия - AstraZeneca дар доираи қарордод бо Лондон ба Берлин дастрас шудааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, шумори сироятёфтагон аз оғози пандемия дар Ӯзбекистон 137 491 нафарро ташкил дода, 934 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Дар Тоҷикистон ин рақамҳо, тибқи маълумоти расмӣ, мутаносибан ба 15 651 ва 122 нафар баробар аст.
Як қатор коршиносон бар ин назаранд, ки сатҳи воқеии сироятёбӣ дар ин ду давлат метавонад аз сатҳи расмӣ ба таври назаррас фарқ кунад.
Ёдрас мекунем, ки то ҳол ба Тоҷикистон се навъи ваксина оварда шудааст: AstraZeneca-и бритониёӣ, CoronaVac-и чинӣ ва Moderna аз ИМА.
Илова бар ин, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, 3 ҳазор вояи ваксинаи русии Спутник V ба беморхонаи ҳукуматӣ оварда шуда, бо он аъзои ҳукумат ваксина гирифтаанд.
То 4 август 1 млн 13 ҳазору 808 нафар дар Тоҷикистон ваксина гирифтаанд. Бо ҳар ду вояи он 80 ҳазору 250 нафар эм карда шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста