Шаҳрдории Исфара ба хонаводаи 10 шаҳиди даргириҳои марзии рӯзҳои 28-29-уми апрел замин додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара хабар додааст.
Манъба гуфтааст, ки ин кор бо дастури раисҷумҳур сурат гирифта, ҳадафи аслии он ҳимоят ва дилҷӯйӣ аз хонаводаҳои шаҳидон аст.
"Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 8 оила аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 1 оила аз ҷамоати деҳоти Воруху 1 оила аз ҷамоати деҳоти Сурх дода шуда, инчунин дар ин радиф варзишгари номӣ Муҳаммадхӯҷа Ёқубов ва 2 оилаи камбизоат низ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳри Исфара таъмин карда шуданд", - хабар медиҳад манбаъ
Шаҳрдории Исфара мегӯяд, ки вазъи хонаводаҳои шаҳидони даргириҳои марзӣ ва раванди таҳсили фарзандони онҳо ҳамеша зери назари ҳукумат аст. .
Тоҷикистон ба хонаводаи зарадидагон ва шаҳидони даргириҳоии марзӣ бо Қирғизистон ёриҳои фаврӣ расонид ва ба ҳамаи онҳое, ки хонаҳояшон дар ин даргириҳо осеб дида буданд, хона сохту ҳадя кард. Ҳамчунин ба хонаводаи ҳамаи шаҳидон давлат 70 ҳазор сомонӣ ёрии молӣ дод. Ба ҷуз давлат, соҳибкорон ва ниҳодҳои дигари давлативу иҷтимоӣ низ ба ин хонаводаҳо ёриҳои моливу модддӣ расониданд.
Дар даргириҳои марзии ахир аз Тоҷикистон 19 нафар кушта шуд ва ҷониби Қирғизистон қурбониёни худро 36 нафар эълон кард.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста