Амруллоҳ Солеҳ муовини нахусти Ашраф Ғанӣ, ки ҳоло худро бар асоси Қонуни Асосии Афғонистон сарпарасти ҳукумати ин кишвар медонад, дар як посухи фейсбукӣ ба "Толибон" мегӯяд, ки онҳо дар идораи давлат муваффақ намешаванд.
Амруллоҳ Солеҳ, ки ҳоло дар Панҷшер қарор дорад, гуфтааст, ки муқовимати мо барои дифоъ аз ҳаққи ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон аст. Ин муқовимат мустақар дар Панҷшер аст, на барои Панҷшер ва ба хотири Панҷшер.
"Имрӯз ин дара мизбони ҳамаи кишвар ва мояи умед барои ҳамаи миллати Афгонистон аст, ки доранд аз зулм, интиқомҷӯйӣ, таассуб, чаповул ба моли мардум ва торикандешии шумо фирор мекунанд. Агар миллат заррае ба шумо эътимод доранд, пас ин мавҷи мардум дар марзҳои кишвар чаро саф кашидаанд, ки ҳозиранд ҳамаи доштаҳои худро аз даст бидиҳанд ва фақат зери тасаллути шумо набошанд. Оё аз худ пурсидаед, ки чаро?",-суол гузоштааст муовини пешини ҳукумат.
Амруллоҳ Солеҳ гуфтааст, ки тасаллут бар соҳа дар чиҳилуду соли ахир маънои суботро надодааст ва тасаллути имрӯзии шумо бар хок, маънои субот ва пойдориатонро намедиҳад.
"Субот ва пойдории низом, устувор ба муаллифа (омил)-ҳое аст, ки гурӯҳи шумо аз он бисёр дур аст. Кофист, ки ба мусоҳиба ва амалкарди раддаи аввал таъиншудаҳои хеш таваҷҷуҳ кунед, то бароятон маълум гардад, ки идораи Афғонистон имрӯз бо як мушт бесаводи уқдаманд имконпазир нест",-ҳушдор медиҳад Солеҳ.
Ба назари ин мақомдори аршади собиқ, фурӯпошии иқтисод ва набуди дастгоҳи хидматрасонӣ мардумро хеле зуд ба сутуҳ хоҳад овард ва аслиҳаву равиши хашини Толибон дар баробари қиём ва хашми мардум ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт.
Амрулло Солеҳ, ҳоло дар Панҷшер қарор дорад ва эълон кардааст, ки аз неруҳои муқовимати таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, ҳимоят мекунад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста