Мақомоти маҳалии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Хатлон ба зарардидагони офатҳои табии дар ноҳияи Вахш манзили истиқоматӣ ва маблағ додаанд. Дар ин бора, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки се манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Вахш бо сарпарастии шуъба ва бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш дар ҳамкорӣ бо ходимони дини вилоят ба сокинони деҳаҳои Иттифоқ, Озодӣ ва Файзбахши ноҳияи Вахш - Наврӯзшоҳ Ҷамолов, Бобомурод Одинаев ва Каромат Розиқов тақдим шуд.
- Кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар ҳамдастӣ бо ходимони дини ноҳия ду манзили истиқоматии сокинони деҳаи Навободи ноҳияи Вахшро сохта, ба истифода доданд, - менависад манбаъ.
Ба ғайр аз ин, ба сокинони зарардидаи деҳаи Навобод 53 ҳазор сомонӣ маводи озуқа кӯмак расонида шудааст.
Манбаъ, инчунин менависад, ки ходимони дини вилояти Суғд бо нишони ҳамдилӣ ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои офати табии дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва ходимони дини шаҳри Кӯлоб ба зарардидагони ноҳияҳои мазкур беш аз 15 ҳазор сомонӣ кумак расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Вахш бар асари обхезиву сел манзилҳои сокинон, заминҳои наздиҳавлаигӣ ва пули роҳҳои байни деҳаҳо зарар диданд.
Бино ба маълумоти ахири КҲФ Тоҷикистон, дар натиҷаи офати табиии рӯзи 11 май 9 нафар ҳалок шуданд. Аз селу обхезиҳо ҳадди ақалл 15 ноҳияи вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ осеб диданд.
Қаблан, раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Вахшро вазифадор намуда буд, ки ҳарчи зудтар манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста