Мақомоти тандурустии вилояти Суғд баъди се моҳи эълони расмии вуҷуди дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон гуфтанд, дар ин вилоят авҷи хурӯҷи сироятёбӣ гузашт ва ғалабаи комил бар коронавирус наздик аст.
Ба иттилои маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба ҳолати 14-уми сентябр дар ҳамаи беморхонаҳои вилоят 24 бемори коронавирус бистарӣ ҳастанду халос.
- Аз ин 17 нафарашон дар Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ ҳастанд”, - гуфт Ҳоҷибоев.
Ба таъкиди мавсуф, давоми чанд ҳафтаи охир сироятёбӣ ва бистаришавӣ аз COVID-19 дар вилоят коҳиш ёфтааст.
- Сабаби асосии ба зудӣ коҳиш ёфтани сатҳи беморӣ дар вилоят ин ваксингирии дастаҷамъонаи аҳолӣ, риояи беҳдоштӣ, риояи гигенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва фосила аст, - мегӯяд Маъруф Ҳоҷибоев.
Ба иттилои манбаъ, то ҳол 31,2%-и сокинони аз 18-солаи болои вилоят ваксина гирифтаанд.
Ҳоҷибоев гуфт, ки дар вилояти Суғд 1 миллиону 700 нафар сокинони аз 18-сола боло бояд эм карда шаванд. Ҳоло 539 ҳазору 511 нафар бахши якуми ваксинаро гирифтаанд, ки 31,2%-и гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳад. Шумораи сокинони ҳарду бахши ваксинаро гирифта 295 ҳазору 655 нафар аст.
Мақомот ҳамчунин, мегӯянд, дар пайи коҳиши бемории коронавирус калонтарин Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ва Беморхонаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки се моҳи охир ба реҷаи “карантин” кор мекард, чанд рӯз пеш ба кори муқаррарӣ шурӯъ кард.
Ёдовар мешавем, ки сардори Раёсати тандурусии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода дар нишасти матбуотии охири ниҳоди зери роҳбариаш гуфта буд. ки аз оғози пандемияи коронавирус (1-уми майи 2020) то 3-уми августи соли ҷорӣ 44 сокини вилояти Суғд қурбони коронавирус шуданд. Аз ин 14 ҳолати фавтро баъд вуҷуди расмии дигарбораи коронавирус аз 21-уми июни имсол сабти ном кардаанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки коронавируси имсола бештар ба қишри нисбатан ҷавонтари аҳолӣ сироят ёфт ва ҳолатҳои марг ҳам кам набуд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мақомоти тандурустии кишварро ба пешниҳод накардани омори дақиқи гирифторон ва фавтидагони COVID-19 гунаҳкор мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста