Ширкати S7 Airlines дар ҷадвали зимистонаи хатсайрҳояш парвозҳои доимиро аз фурудгоҳи “Богашево” (ш.Томск) ба шаҳрҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба нақша гирифтааст. Дар ин бора дар сервиси "Яндекс. Расписания" маълумот дода мешавад, менависад Интерфакс.
Гуфта мешавад, ба ин тариқ, ширкати ҳавопаймоии мазкур ба чор шаҳри Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб парвозҳоро оғоз мекунад.
Парвозҳо ба ҳар кадоме аз самтҳо ҳафтае як маротиба то охири моҳи марти соли 2022 анҷом дода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, оғози парвозҳо аз 6 ноябр ба нақша гирифта шудааст.
Хатсайри Томск-Ош (Қирғизистон)-ро низ ширкати ҳавопаймоӣ бо ҳамин гуна ҷадвал ба роҳ мемонад.
Парвозҳои мунтазам аз Томск ба Осиёи Марказӣ аз солҳои 90-ум қатъ шуда буданд. Ягона истисно як парвози ширкати ҳавопаймоии Ural Airlines дар моҳи феврали соли 2015 ба Ош аст, ки ин парвоз муқаррарӣ эълон шуда, аммо пас аз ягона парвоз бо сабаби кам будани талабот бекор карда шуд.
Фурудгоҳи Богашево соли 1967 ба истифода дода шудааст. Ҳоло он бо 11 ширкати ҳавопаймоии Русия ҳамкорӣ мекунад, ки ба 19 самти дохили кишвар парвоз мекунанд. Соли 2020 ҳамлу нақли мусофирон тариқи фурудгоҳи “Богашево” 2,2 баробар - то 348,8 ҳазор нафар кам шуд.
S7 яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аст, ки аз ҷониби ҳамсарон Владислав ва Наталя Филевҳо таъсис ёфтааст. Ширкати ҳавопаймоӣ дар Маскав "Домодедово" ва Новосибирск "Толмачево" ҷойгир аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста