Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб 1 октябр маросими ифтитоҳи Гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи “ЭКСПО-2020” доир гардид.
Бар асари пандемияи коронавирус муҳалтҳои баргузории “ЭКСПО-2020” ба вақти дигар гузаронида шуда, он 30 сентябр ба кор шурӯъ намуд.
Кори намоишгоҳ то 31 марти соли 2022 идома меёбад. Дар он гӯшаҳои 192 кишвари дунё муаррифӣ гардида, пешбинӣ мешавад, ки дар ин муддат аз гӯшаҳо 25 млн нафар боздид кунанд.
Гӯшаи Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи тадорукоти “ЭСКПО-2020” мувофиқи мавзӯи тасдиқшуда – “Об барои рушди устувор” бо истифода аз намоиши таркибҳои меъмории миллӣ, табиати пурафсун, захираҳои обӣ, имконоти сайёҳӣ, кӯҳҳои осмонбӯс, ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.
Ҳадафи аслии иштироки Тоҷикистон дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён бо шумули фарҳангу таърих, саноат ва бахши кишоварзӣ, инчунин имконоти сайёҳӣ ва сармоягузории ҷумҳурӣ унвон мешавад.
Тоҷикистон дар намоишгоҳ имконот ва дастовардҳои кишварро дар соҳаи захираҳои обӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, сохтмони роҳҳо, шаҳрсозӣ, коркарди растаниҳои доруворӣ муаррифӣ мекунад.
Андре Дорадо, намояндаи маъмурияти “ЭКСПО-2020” зебогии Тоҷикистон, табиати пурафсуни он, фарҳангу таърихи ғанӣ, имконоти ҳамкорӣ ва сармоягузориро ба иқтисоди кишвар таъкид дошта, зикр шуд, ки гӯшаи Тоҷикистон таҷассумгари зебоии Тоҷикистон буда, сарфи назар аз баъзе мушкилот, хеле зебо ороиш дода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста