Департаменти давлатии ИМА эълон кард, ки сабти онлайнӣ барои иштирок дар лотереяи Green Card барои соли 2023 кушода мешавад, хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
Сабти ном дар лотерея аз 6 октябр шурӯъ шуда то 9 ноябри давом хоҳад ёфт.
«Аз касоне, ки хоҳиши сабти ном доранд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки сабти номро то ҳафтаи охирон мавқуф нагузоранд, зеро теъдоди зиёди хоҳишмандон боиси аз кор мондани сомона шуда метавонад. Сабти баъди муҳлат, ё тавассути пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои чопӣ қабул карда намешавад», - гуфта мешавад дар эълони сафорат.
Сафорат таъкид мекунад, ки сабти номҳо ба барнома РОЙГОН буда тавассути пайванди https://dvprogram.state.gov/ амалӣ мешавад. Ҳар як хоҳишманд метавонад мустақилона сабти ном кунад.
Департаменти давлатӣ ҳар сол барои шаҳрвандони кишварҳо, ки таърихи ками муҳоҷират ба Иёлоти Муттаҳидаро доранд, аз ҷумла Тоҷикистон, 50 000 раводиди доимии истиқомат (корти сабз)-ро ба тариқи лотерея пешниҳод мекунад. Ҳар сол тақрибан 14 миллион нафар аз тамоми ҷаҳон дар ин барнома иштирок мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста