Дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе 17 октябр (рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта) Иди ҳосил – “Меҳргон” ҷашн гирифта мешавад.
Тавре Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар доираи иди тирамоҳ фестивал ва намоиш фурӯши асал, маҳсулоти кишоварзӣ, техникаи кишоварзӣ ва биринҷ доир мегардад.
Деҳқонон аз тамоми гӯшаву канори кишвар маҳсулоти худро пешкаш намуда, сокинон ва меҳмонони пойтахт аз намоишгоҳ бо нархҳои дастрас асали кӯҳӣ, навъҳои гуногуни биринҷ, равғани хушсифат, сабзавоту меваи тару тоза харида метавонанд.
Инчунин кадбонуҳо хӯрокҳои миллӣ пухта, ҳунармандони мардумӣ маҳсули дастони худро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт манзур мегардонанд. Ҳамчунин баргузории барномаи фарҳангӣ низ дар назар аст.
Тавре дар Вазорат хабар доданд, дар ин чорабинӣ як гурӯҳи кишоварзон, ки ба нишондиҳандаҳои беҳтарин ноил гардидаанд, бо диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Дар Иди “Меҳргон”-и пойтахт намояндагони шаҳрдории Душанбе, Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, кишоварзони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи марказ иштирок мекунанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳё кардани иди деҳқонон - “Меҳргон”, ки аз анҷоми ҷамъоварии ҳосил гувоҳӣ медиҳад, қарор қабул кард. Ин ид аз соли 2009 дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Тиргон таҷлил мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста