Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, ки дар онҳо талаботи кумакҳои башардӯстона барои гурезаҳо дар ҳоли афзоиш аст, кумаки бебозгашти таъҷилӣ расонад.
Тавре дар сомонаи сафорати Ҷопон хабар дода мешавад, маблағи кумак 65 млн долларро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, давлати Ҷопон тавассути ҳафт созмони байналмилалӣ ба Афғонистон ва ҳамсоякишварҳои он (Покистон, Эрон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) дар таъмин намудани паноҳгоҳ, дастгирӣ намудани соҳаҳои тандурустӣ, обёрӣ, беҳдошт, ғизо, кишоварзӣ ва маориф кӯмакҳои башардӯстона ироа хоҳад кард.
Ба Тоҷикистон тариқи Раёсати Комиссариати олии умури гурезагони СММ дар Душанбе 700 ҳазор доллар кумак дода мешавад.
“Ҳукумати Ҷопон минбаъд низ аз мардуми Афғонистон ҳимоят ва пуштибонӣ намуда, дар таъмини субот дар ин минтақа нақши фаъол хоҳад дошт”, - гуфта мешавад дар маълумоти сафорат.
Ёдрас мекунем, ки созмонҳои байнулмилалӣ ҳушдор медиҳанд, ки агар вазъият тағйир наёбад, Афғонистон ба гуруснагии бузургмиқёс дучор хоҳад шуд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.