Аз ин пас шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳангоми будубош дар кишварҳои якдигар метавонанд, то 90 рӯз бидуни қайд ҳузур дошта бошанд. Дар ин бора дирӯз, 1 ноябр Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон хабар дод.
Манбаъ менависад, ки ин иқдом дар асоси Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Қазоқистон ва шаҳрвандони Қазоқистон дар ҳудуди Тоҷикистон қабул шудааст.
- Шаҳрвандони як тараф, ки муваққатан дар ҳудуди тарафи дигар қарор доранд, аз уҳдадориҳои бақайдгирӣ (бақайдгузорӣ дар маҳалли будубош) дар мақомоти салоҳиятдори давлати тарафи будубош дар давоми 30 шабонарӯз аз санаи вуруд озод карда шудаанд. Бақайдгирии шаҳрванди давлати яке аз тарафҳо дар муҳлати на бештар аз 90 шабонарӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба сарҳади давлати тарафи будубош ба қайд гирифта мешавад,- омадааст дар иттилоияи консулгарӣ.
Дар идома зикр мегардад, ки дар сурати машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо гирифтани иҷозати кор муҳлати будубошашонро дар қаламрави Қазоқистон як сол тамдид намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар баробари Русия шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Қазоқистон низ мераванд ва ба ин кишвар бештар онҳое мераванд, ки аз ҳуқуқи кор дар Русия маҳрум шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста