Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор шасхони калонсол зиндагӣ мекунанд, ки қариб 6% аз шумори умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Аз онҳо синни 56 ҳазор нафар аз 80-сола боло буда, ба 11,2% аз шумори умумии шахсони пиронсол баробар мебошад.
Зимни як конфронси марбут ба ин масъала дар Душанбе охири моҳи октябр, ки дар он мушкилоти афроди имконияташон маҳдуд ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ шуданд, чунин маълумоти Вазорати тандурустӣ садо дод.
Зикр шуд, ки соли 2020 давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикистон 75,1 сол: барои мардон 73,5 сол ва занон 76,8 солро ташкил додааст.
Дар баробари ин, таҳлил нишон медиҳад, ки давомнокии умри аҳолии деҳот нисбат ба шаҳрҳо 5,2 фоиз зиёд буда, 76,1 солро ташкил медиҳад: барои мардон 74,6 сол ва барои занон 77,7 сол.
Дар конфронс зикр шуд, ки соли 2000 давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикистон 68,2 солро ташкил дода, дар соли 2011 то 72,5 сол зиёд шудааст.
Тибқи пешгӯйиҳо,то соли 2030 шумори афроди синнашон аз 60-сола боло ба зиёда аз 11,5% аҳолии кишвар расида, метавонад ба рӯйи кор омадани мушкилоти муайяне боис гардад ва роҳҳои ҳалли таъҷилӣ тақозо намояд.
Дар ин ҷараён масоили таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шахсони калонсол, дастрасии онҳо ба хидматрасониҳои давлатӣ ва дар навбати аввал, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳаммияти бештар касб карда, бояд ба афзалиятҳои сиёсати давлатии иҷтимоӣ дохил шаванд.
Мувофиқи арзёбии коршиносони СММ, дар асри ХХ давомнокии умр 20 сол зиёд шуда, соли 2050 тибқи пешгӯйиҳо, боз 10 сол афзоиши давомнокии умр дар назар аст ва ба ин тариқ, дар сайёраи Замин зиёда аз 2 млрд одамони калонсол зиндагӣ хоҳанд кард.
Натиҷаи ин ҷараён он хоҳад буд, ки бори нахуст дар таърихи инсоният шумори одамони калонсол (азолии синни аз 60-сола боло) ба шумори одамони синни 15-сола баробар мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард
Эмомалӣ Раҳмон қонуни мақоми омӯзгорро имзо кард. Акнун шаъну шарафи омӯзгор ҳифз мешавад?
Зиёратгаҳи риндони ҷаҳон. Чашмандоз ба рӯзгору осори дилангези Ҳофизи Шерозӣ ва оромгоҳаш дар Эрон
Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон. Имзои қариб 20 санади нав ва даъват аз ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, гардиши молу маҳсулотро то ба $2 млрд расонанд
Ҳушдори ҳавошиносон: Се рӯзи оянда дар кишвар борону барфи пуршиддат меборад
Аввалин тоҷики фотеҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ”. Маҳмурод Ашӯров чаро Назирбибиро меҷӯяд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 декабри соли 2025
Ҳамдардии сокинони Остонаву Бишкек дар робита ба куштори Қобилҷон Алиев
Амрико барномаи “Green Card”-ро муваққатан боздошт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста