“Тоҷикистон худи ҳозир омода аст, ки равуои қатораҳоро бо Русия бо риояи тамоми талаботи беҳдоштӣ барқарор созад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Анвар Латифзода.
Лекин, ба қавли ӯ, ҳоло дар бораи барқарор шудани хатсайрҳои мусофирбар тариқи роҳи оҳан сухан намеравад.
“Умедворем, ки ояндаи наздик он барқарор мешавад. Бо боз шудани сарҳадҳои заминӣ мо омодаем, ки хатсайрҳоро барқарор кунем”, - гуфт Латифзода.
Сухангӯи корхона зикр кард, ки баъди боздошта шудани хатсайрҳои мусфирбар тариқи роҳи оҳан бисёре аз кормандони корхона ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.
“То боздошта шудани хатсайрҳо ба Русия дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 1 ҳазору 400 роҳбаладон кор карда, баъди баста шудан қисмати зиёди онҳо ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Вазъият бо дигар коргарон низ чунин аст”, - мегӯяд вай.
Ба гуфтаи Латифзода, айни замон танҳо қатораҳои боркаш равуо мекунанд.
“Маҳдудият танҳо ба қатораҳои мусофирбар дахл дорад. Ҳозир аз Тоҷикистон бемалол ба Русия фиристодани мошин, маҳсулот ва дигар борҳо имконпазир мебошад”, - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр шуд, ки хатсайрҳои чартерӣ низ бо хатсайри Тоҷикистон-Русия пешбинӣ нашудааст. “Ҳоло чунин хатсайрҳо ба нақша гирифта нашудааст, чунки шаҳрвандон талабот надоранд”, - афзуд Латифзода.
Ёдрас мекунем, ки равуои қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистону Русия дар пасманзари пандемияи коронавирус аз 16 марти соли 2020 боздошта шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста