Ин аввалин бор аст, ки дар Эрон барои як ҳунарманди арсаи синамои тоҷик накӯдошт дар сатҳи байналмилалӣ доир мешавад.
Муассисаи фарҳангии ЭКО соли 2022 тасмим дорад бузургдошти 85-солагии Ҳабибулло Абдураззоқов - коргардони маъруф ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар Теҳрон баргузор намояд. Дар ин бора Шоҳмансур Шоҳмирзо, масъули равобити оммаи Муассисаи фарҳангии ЭКО дар саҳфаи фейсбукии худ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар дидори Сарвар Бахтӣ - Раиси ин Муассисаи байналмилалӣ бо Масъуд Ҷаъфарии Ҷузонӣ - коргардон, нависанда ва филмсози эронӣ матраҳ шудааст.
Қарор шудааст ин маросим бо ширкати ҳунармандон ва синамогарони машҳури кишварҳои ЭКО дар Муассисаи фарҳангӣ ҳамроҳ бо филме аз зиндагӣ ва фаъолияти Ҳабибулло Абдураззоқов ва намоишгоҳи акс барпо шавад.
Ёдовар мешавем Ҳабибулло Абдураззоқов дар сериёли телевизонии 44- қисматии "Дар чашми бод", ки бузургтарин пружаи сериёлсозӣ дар телевизиони Эрон аст, ҳамроҳ бо чанд ҳунарпешаи дигари тоҷик нақш бозида буд.
Масъуди Ҷаъфарии Ҷузонӣ аз дӯстони наздики марҳум Абдураззоқов ва муаллифи филмҳои "Ба сӯи озодӣ", "Ҷодаҳои сард", "Дар масири тундбод", "Булуғ", "Пушти девори сукут", "Биҳишти табаҳкорон", "Хоҷа Насираддини Тусӣ" ва ғайра мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста