Дар Тошканд рӯзи 12 январ ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор шуд.
Тавре ки Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масоили рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ шуд.
“Ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт табодули маълумот намуда, дар мавриди ҷараёни амалисозии созишномаҳои қаблан имзошуда дар ин соҳа табодули назар карданд”, - омадааст дар хабар.
Дар Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон таъкид мекунанд, ки зимни вохӯрӣ ба масъалаи марбут ба азсаргирии равуои автобусҳо байни кишварҳо, ки бар асари падемияи коронавирус қатъ шуда буд, таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
“Ҳамчунин дурнамои рушди долони нақлиётиии “Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чин” мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - зикр шудааст дар маълумот.
Ёдрас мекунем, ки 15 майи соли 2018 пас аз танаффуси 26-сола равуои автобусҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон барқарор шуд. Лекин аз 16 марти соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус, Ӯзбекистон алоқаи заминӣ бо дигар кишварҳоро маҳдуд намуда, аз 1 сентябр ин маҳдудиятҳо тадриҷан бекор мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста