Далер Лоҳутӣ, писари шоири пуровозаи Тоҷикистону Эрон Абулқосим Лоҳутӣ, рӯзи 27-уми январ, дар Маскав, дар синни 88-солагӣ, бар асари беморие, ки дошта даргузашт. Дар ин бора бародарзодаи марҳум Фелик Лоҳутӣ дар Фейсбук хабар додааст.
Далер Лоҳутӣ, 26-уми апрели соли 1934 таваллуд шудааст. Доктори илмҳои техникӣ, профессор буд. Ӯ мутахассиси варзидаи кибернетика ва ҳуши сунъӣ, файласуфи мантиқдон, забоншинос ва тарҷумони варзида буд. Муаллифи асарҳои гаронарзише дар заминаи тарҷумаи матнҳои фалсафӣ буд.
Далер Лоҳутӣ хатмкардаи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломаносов буд. Соли 1971 дар мавзуъи "Арзёбии низомҳои ҷустуҷӯгар" рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Аз соли 1998 профессори Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия буд. Ҳамчунин ба унвони роҳбари Маркази илмиву таълимии таъмини барномавию лингвистии низомҳои интелектуалӣ буд. Узви Анҷумани ҳуши сунъии Русия низ буд.
Соли 1999 рисолаи докторияшро дар мавзуъи "Мушкилоти ақлонӣ кардани низомҳои иттилоотӣ" дар бахши илмҳои техникӣ дифоъ кардааст.
Ӯ асари "Рисолаи фалсафиву мантиқӣ"-и Людвиг Вингтейнштейн, "Дониши объективӣ"-и Карл Попер ва асарҳои илмӣ, равишшиносӣ ва фалсафии дигарро низ ба русӣ тарҷума кардааст.
Ду сол пеш, дар моҳи ноябри соли 2020 писари дигари Лоҳутӣ, Гив Лоҳутӣ, низ дар 85-солагӣ дар Маскав даргузашта буд.
Дар ҳоли ҳозир, ягона духтари Лоҳутӣ, дуктур Лайло Лоҳутӣ, эроншиноси варзида ва тарҷумонӣ номӣ боқӣ монда, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста