Соли гузашта сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Бино ба маълумоти манбаъ, нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 7,3%, маҳсулоти ғайриозуқа - 7,5% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ - 11,3% боло рафт.
Маҳсулоти озуқаворӣ:
• сабзавот – 16,4%;
• равған ва чарбу – 20,8%;
• маҳсулоти гӯштӣ – 15,1%;
• шакар (қанд) – 4,4%;
• мансуоти нонӣ ва ярма (крупа) – 4%.
Маҳсулоти ғайриозуқа:
• бензин – 1,7 баробар;
• гази моеъ – 1,7 баробар;
• сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 1,6 баробар;
• маводи шустушӯйӣ – 4,6%.
Хидматрасониҳои пулакӣ:
• роҳкирои микроавтобус – 45,0%;
• роҳкирои автобуси шаҳрӣ – 17,9%;
• хидматрасониҳо дар соҳаи маориф – 7,8%;
• хидматрасонии тарабхона ва меҳмонхонаҳо – 3,7%.
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ аз ҳамин сатҳи таваррум интизорӣ мерафт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста