Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гуфт, замоне дастгоҳи томографияи позитрон-эмиссия (позитронно-эмиссионной томографии), яке аз дастгоҳҳои асосӣ барои ташхиси бемориҳои саратонро мехаранд, ки маводи доруворӣ барои истифодаи онро дастрас ва беморонро барои ташхис омода кунанд.
Ӯ дирӯз, 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо вуҷуди ин, харидани ин дастоҳ дар нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳаст ва онҳо бо шаркиони рушду соҳибкороне, ки дар дигар давлатҳо фаъолият доранд, ҳамкорӣ намуда истодаанд.
Номбурда гуфт, яке аз сабабҳои дигар ин гарон будани дастгоҳ аст, ки ба гуфтаи ӯ, агар онҳо маводи дорувориро харидорӣ накунанду беморонро барои ташхис омода накунанд, харидани он барои давлат зарар мешавад.
- Вале мо ҳоло кӯшиш намуда истодаем, ки пеш аз ҳама маводҳои доруворие, ки истифода мекунем, датрас намоем. Агар мо маводро дастрас намоем, ҳатман бояд истифода барем. Дар ин масъала мо корбарӣ карда истодаем. Аввал мо роҳҳои маводи сарфаи ҳамин дастгоҳро биёрем, ки барои давлат зарар нашавад. Вақте мо касалро тайёр мекунем, баъд мавод дастрас мекунему ҳамонро истифода мекунем. Фикр мекунам, ки ин масъала дар оянда ҳалли худро меёбад,- гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.
Абдуллозода ҳамчунин, афзуд, ки имрӯз тамоми таҷҳизоти тибии мусоре, ки дар давлатҳои пешрафтаи дунё истифода мешавад, дар Тоҷикистон ва ҳатто дар навоҳиҳои дурдаст мавҷуд аст.
Бояд гуфт, ки томографияи позитронӣ эмиссия ё ба таври дигар ПЭТ як усули муосири тасвири тиббӣ мебошад, ки ба принсипи махсуси худ асос ёфтааст. Пеш аз омӯзиш, ба бадан як доруи фармасевтӣ, ки дорои ҷузъҳои радиоактивӣ мебошад, ворид карда мешавад - радиофармпрепарат (ин метавонад, глюкозаи аз ҷиҳати кимиёвӣ тағирёфта бошад).
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон Диловар Ғаниев, муовини директори «Маркази ҷумҳуриявии илмию саратоншиносӣ»-и Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфта буд, ки бо ба истифода додани бинои нави Маркази ҷумҳуриявии илмию саратонӣ дастгоҳи ПЭТ, ки ҳоло дар кишвар нест, дастрас мешавад.
Ҳамин тариқ, ҳоло маълум нест, ки маркази нави сартоншиносӣ кай ба фаъолият шурӯъ мекунад ва аз суханони вазири тандурустӣ бармеояд, ки замони фаъол шудани бинои нав ҳам Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи ПЭТ намешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста