Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК- и Тоҷикистон натиҷаи таҳқиқоти пойгоҳи “Диссернет” – ро фармоишӣ номида гуфт, ин кори дасти худи тоҷикон аст ва барои он маблағи калон сарф мешавад.
"Диссернет", ки фаъолияташ ба ифшои асардуздии (сирқати илм) олимон бахшида шудааст, бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардӯздӣ ва рӯйбардору нусхабардории корҳои илмияшон муттаҳам кард, ки дар миёни онҳо мансабдорони баландмақоми давлат, аз вазирон то мушовирони раисҷумҳуру сафирони давлат низ ҳастанд.
Роҳбари ВАК-и тоҷик дирӯз, 16 феврал дар нишасти матбуотӣ эътироф кард, ки бештар аз 60 кори илмии олимони тоҷик дар “Диссернет” нашр шудааст ва аз рӯи таҳлили ӯ, қариб 30 нафаршон дар самти иқтисодӣ аст.
Номбурда гуфт, ки азбаски пойгоҳ ҷамъиятӣ аст, дар кори ин пойгоҳ дар баъзан ҳолатҳо бӯйи ниқоргирӣ ва фармоишӣ эҳсос мешавад.
- Аз будаш зиёд ҳангома ҳам мекунанд. Ман фикр мекунам, ки кори ин пойгоҳ чандон тоза ҳам нест. Вақте ки нигоҳ мекунед, ба мушоҳида мерасад, ки ин кори дасти худи тоҷикон аст. Вале ман факт надорам. Аммо ҳаст, ки аз ҳамин ҷойҳо фармоиш мешавад. Ин кор пули калон талаб мекунад. Яъне фармоишӣ буданаш эҳсос мешавад, -гуфт Розиқзода.
Фармоишӣ унвон кардани натиҷаи таҳқиқотии илмии пойгоҳи “Диссернет” аз ҷониби КОА Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи августи соли 2021 амри президент дар бораи баъди иҷозаи раисиҷумҳур ба таҳқиқи илмӣ сару кор гирифтани мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон имзо шуд.
Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифатва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".
Ин амри президент дар ҳолест, ки дар 3-4 соли ахир пойгоҳи таҳқиқии "Диссернет" бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардӯздӣ ва рӯйбардору нусхабардории корҳои илмияшон муттаҳам кард, ки дар миёни онҳо мансабдорони баландмақоми давлат, аз ҷумла Давлаталӣ Саидзодаву Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовинони вақти сарвазири Тоҷикистон ва ҳоло сафири кишвар дар Русия, Асадулло Раҳмон мушовири Эмомалӣ Раҳмон дар умури кадр ва бархе вазирону ректорони донишгоҳҳо ва чанде дигар аз мансабдорони радаҳои поёнӣ низ буданд.
Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста