Шаҳрдории Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтахт ба ғолибони озмунҳои “Мураббии сол-2021”, “Омӯзгори сол-2021” 10 ҳазор сомонӣ ҷоизаи молӣ тақдим мекунад.
Бино ба иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ба ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2021”- 10 ҳазор сомонӣ, “Омӯзгори сол-2021”-10 ҳазор сомонӣ ва “Хонандаи сол-2021”- 6 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти тақдим мегардад.
Гуфта мешавад, ки маблағи умумие, ки ба омӯзгорон тақдим мегардад дар умум 27740 сомониро ташкил медиҳад.
Идораи маорифи Душанбе мегӯяд, ки ба ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маориф ин ҷоизаҳо дар маросими хос тақдим мешаванд..
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005, ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахт - шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста