Гурӯҳе аз шоиру нависандагони Тоҷикистон дар Душанбе, дар маҳфили ёдбуди Муъмин Қаноат Шоири халқии Тоҷикистон аз эшон ба унвjни воридкунанда ва сарпарасти шеъри нав дар адабиёти шӯравии тоҷик ном бурданд.
Ин маҳфили ёдбуд аз сӯйи Иттифоқи нависандагони рӯзи 27-уми май баргузор карда шуд, ки дар он шоиру навbсандаҳо, устодони донишгоҳҳо ва дигар чеҳраҳои фарҳангу адабиёти кишвар ширкат карданд.
Дар ин маҳфил аз Муъмин Қаноат ба унвони яке аз шоирони барҷастаи адабиёти тоҷику форс, хусусан достоннависи саршинос ном бурда шуд ва зикр шуд, ки Қаноат ба унвони муовин ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон саҳми бузурге дар рушди адабиёти тоҷик гузаштааст.
Аз ҷумла Аскар Ҳаким, адабиётшинос ва шоири тоҷик мегӯяд, ки Қаноат дар осораш ба муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти мардуми тоҷик пардохтааст.
“Агар мо номи маҷмуъаҳои устод Муъмин Қаноатро ба ёд биёрем! Ин “Шарора” “Стиораҳои замин” Мавҷҳои Днепр” “Достони Оташ” “Суруши Столинград” “Масъуднома” “Тоҷикистон исми ман” ва дигарон аст. Аз ҳамаи ҳаминҳо маълум аст, ки ин асарҳо фарогирии муҳимтарин ҷиҳати зиндагии мардуми тоҷик аст”, - гуфт Аскар Ҳаким.
Муъмин Қаноат 2-юми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Қалъаи Хум, Дарвози ҳозира ба дунё омадааст. Достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва достонҳои таърихиаш мондагортарин асарҳо дар адабиёти тоҷиканд. Муъмин Қаноат тақрибан дар ҳамаи жанрҳои адабӣ шеър гуфтааст, вале дар достонсароӣ муваффақтар аз ҳар каси дигар дониста шудааст.
Ин шоири маъруф ва достонсарои саршиноси адабиёти тоҷик, чор сол пеш 18 май соли 2018 дар Душанбе аз даргузашт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста