Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 7 ҳазору 265 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёд мебошад. Дар соли 2021-ум 6 ҳазору 476 оила пош хурдааст.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 15 июл дар як нишасти хабарӣ сабаби ҷудо шудани оилаҳоро омода набудани ҷуфти ҷавон ба ҳаёти оилавӣ маънидод кард.
«Аввалин сабаби ҷудо шудани оилаҳо дар он аст, ки ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омода нестанд. Ба он чизе, ки дар издивоҷ онҳоро дар пеш интизор аст, омода нестанд», - шикоят кард вазири адлия.
Ашӯриён таъкид кард, ки беш аз 8 ҳазор кӯдак пас аз талоқ ятим ва ё нимаятим монданд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазир, сабти ақди никоҳ аз аввали соли ҷорӣ 7% коҳиш ёфтааст.
«Теъдоди ақди никоҳ имсол 30 ҳазору 266 нафарро ташкил дод. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли 2021-ум 32 ҳазору 489 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст», - гуфт Ашӯриён.
Дар давоми шаш моҳ дар кишвар ҳамагӣ 39 никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст – соли гузашта ин рақам 116 нафар буд.
Вай ҳамчунин гуфт, ки сабти таваллуди кӯдакон дар кишвар 6% афзоиш ёфтааст - дар 6 моҳи соли 2021-ум 104 ҳазору 737, дар соли ҷорӣ 111 ҳазору 537 далел ба қайд гирифта шудааст.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста