Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати кишвар барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» -ро таҳия кардааст, ки дар асоси он, акнун калимаҳои тоҷикие, ки дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навишта мешавад, ба таври автоматӣ ислоҳ мекунад.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси кумитаи забон, имрӯз, 1 август дар нашасти матбуотӣ гуфт, ин барнома дар заминаи Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ, ки тӯли шаш моҳ аст аз ҷониби гурӯҳи корӣ омода шуда истодааст, таҳия гардида, дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон пешкаши корбарон мегардад.
«Мутаассифона, дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ мекунем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад. Ҳангоми навиштани матни тоҷикӣ чунин имконият ҳоло нест. Мо инро барномаи “Ислоҳнигорӣ” меномем ва баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад», - гуфт ӯ.

Ба таъкиди раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, барномаи “Ислоҳнигорӣ” дар шакли аввал ҳудуди 72 ҳазор калимаро дар бар гирифта, марҳила ба марҳила калимаҳои он зиёд карда мешаванд.
Яъне акнун, дар барномаи “Microsoft Word” ё дигар барномаҳои компютерие, ки матн навишта мешавад, агар калимаи тоҷикӣ ғалат навишта шавад, барнома ба таври автоматӣ дар зери он хати сурх мекашад ва шгакли дурусти онро пешниҳод мекунад. Ин барномаро дар забони русӣ “Правописание” меноманд ва ҳоло онҳое, ки бо забони русӣ кор мекунанд, аз ин барнома зиёд истифода мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз чанд сол пеш бархе фарҳангиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин, аз ҷумла Кумитаи забон ва ислоҳот пешниҳод карда буданд, ки чунин як барномаро роҳандозӣ кунанд, то истифодабарандагони технологияҳои иттилоотӣ, махсусан онҳое ки ба навиштани матн дар комютер сару кор доранд, тавонанд, шакли дурусту ягонаи калимаҳои тоҷикиро ба кор баранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста