Аз 4 август ширкати Somon Air парвозҳоро аз фурудгоҳи шаҳри Қазони Русия ба Душанбе барқарор мекунад. Парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои тамғаи Boeing 737-800 бо 189 ҷойи нишаст рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи Фурудгоҳи байнулмилалии "Казань" хабар дода мешавад.
Парвоз аз фурудгоҳи пойтахти Тотористон соати 21:00 ва расидан ба Душанбе соати 02:45 дақиқаи рӯзи дигар зикр шудааст. Аз Душанбе ҳавопаймо ба самти Қазон соати 18:00 парвоз карда, соати 19:30 ба ин шаҳр фуруд меояд.
Барои ҳар кадоме аз фурудгоҳҳо вақти маҳаллӣ нишон дода шудааст. Вақт дар Тоҷикистон ду соат пештар аз вақти Маскав аст. Муддати парвоз ҳудуди 3-юним соатро ташкил медиҳад. Дар ҷадвал тағйирот имкон дорад!
Бо ҷадвали парвозҳо ва чӣ гуна харидани билет аз сомонаи расмии фурудгоҳ - sales.kazan.aero ва замимаи мобилии фурудгоҳи «Казань» маълумоти муфассал дарёфт кардан мумкин аст.

Барои рӯзи 4 август нархи билети хатсайри ширкати Somon Air аз Қазон 6 ҳазору 489 рубл (тақрибан 108 доллар) зикр шудааст.
Қобили зикр аст, ки ширкати “Сомон Эйр” зиёда аз 11 сол инҷониб бо Фурудгоҳи байнулмилалии “Казань” ҳамкорӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки сар аз моҳи август ширкати “Сомон Эйр” парвозҳоро ба дигар самтҳо низ дубора барқарор ё шумори хатсайрҳояшро зиёд мекунад.
Аз ҷумла, парвозҳо бо хатсайрҳои “Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд”, “Хуҷанд-Сургут-Хуҷанд”, “Душанбе-Самара-Душанбе”, “Душанбе-Екатеринбург-Душанбе”, “Душанбе-Новосибирск-Душанбе” ва “Душанбе-Мюнхен-Душанбе” дубора оғоз мешаванд ё шумори парвозҳо бо ин хатсайрҳо зиёд карда мешавад.
Маълумоти муфассал дар бораи ҷадвали парвозҳо, нархи билет ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ дар марказҳои хидматрасонӣ (Call-центр)-и ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва нуқтаҳои фурӯш қобили дарёфт аст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста