Имсол ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ 43 998 нафар довталаб, ба коллеҷҳо бо маълумоти синфи 11-ум - 15 740 ва бо маълумоти асосии умумӣ (синфи 9-ум) - 7 745 довталаб дохил шуданд.
Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ, самтҳои талабгорашон нисбатан камтар барои довталабони тоҷик ихтисосҳои кластери якум ва дуюм (табиӣ-техникӣ, иқтисод ва ҷуғрофия) буда, нисбатан серталаб кластери панҷум (тиб, биология ва варзиш) мебошад.
Писандидатарин самтҳо барои тоҷикистониёни ҷавон “Эпидемиология”, “Андозбандӣ” ва “Ташхиси судӣ” буда, озмун дар ин самтҳо барои 1 ҷой мутаносибан 364 нафар, 388 нафар ва 364 нафарро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, аз рӯи шумори довталабон ихтисосҳо дар бахши тиббӣ пешсафанд: “Кори табобатӣ” - зиёда аз 16 ҳазор нафар, “Педиатрия” - беш аз 12 ҳазор нафар.
Ҳамчунин дар таҳсили пулакӣ интихоби довталабон бештар ба таҳсили рӯзонаи риштаи “Кори табобатӣ” - 8 252 нафар рост омадааст.
Қобили зикр аст, ки бо назардошти дархостҳои довталабон ба ихтисосҳо, сокинони Тоҷикистон бештар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупоранд.
Чанде пеш”Азия-Плюс” дар кӯчаҳои пойтахт дар мавриди кадом кишварҳои хориҷиро интихоб кардани довталабони тоҷик барои таҳсил назарпурсии видеоӣ гузаронид. Тавре ки интизорӣ мерафт, дар зинаи аввал Русия қарор гирифт. Довталабони мо инчунин дар Олмон, ИМА, Кипр ва Ӯзбекистони ҳамсоя низ таҳсил кардан мехоҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста