Филми ҳунарии кӯтоҳмуддати “Додаракаи фариштаҳои”-и коргардон Умедшо Мирзоширинов дар Ҷашнвораи XVIII байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон ба мукофот сазовор дониста шуд. Филм ба ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳмуддат” шарафёб гардид.
Ҷашнвораи XVIII байнулмилалии кинои мусулмонӣ дар Қазон аз 7 то 11 сентябри соли равон доир гардид.
Ҷашнвораи байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон ба охир расид. “Додараки фариштаҳо” дар номинатсияи филми ҳунарии кӯтоҳмуддат бо ҷоиза қадрдонӣ шуд. Изҳори миннатдорӣ ба ҳамаи он касоне, ки дар таҳияи он иштирок карданд”, - навиштааст Мирзоширинов дар саҳифаи худ дар Facebook.
Сюжети филми 26-дақиқагии “Додараки фариштаҳо” ба ҳикояи Сайф Раҳимзод асос ёфта, дар бораи писарчаи хурдсоли дорои иродаи қавӣ қисса мекунад, ки волидонашро беҳад дӯст медораду барояшон ба ҳар кор қодир аст.
Қобили зикр аст, ки Ҷашнвораи байнулмилалии кинои мусулмонии Қазон аз соли 2005 дар Тотористон баргузор мешавад. Созмондиҳандагони чорабинӣ Вазорати фарҳанги Тотористон, шаҳрдории Қазон ва Шӯрои муфтиёти Русия мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста