Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва Айнии вилояти Суғд ду мактаб ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов ва Хирадманд Усмонзода, афсароне, ки ҳангоми муқобила ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон қурбон шуданд, гузошта мешаванд.
Ба иттилои Умар Ситамов, директори мактаби №15 дар Ховалинг, Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг зимни ҷаласаи хеш бо ҳузури директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ноҳия, пешниҳод карданд, ки МТМУ №15-и деҳаи Дараи Мухтор ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов гузошта шавад.
“Ҳоло ба хотири арҷгузорӣ ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг қарор қабул намуд ва он ба Маҷлиси вакилони ноҳияи Ховалинг ирсол гардид”, - гуфт Умар Ситамов.
Шуҳратҷон Наҷмиддинови 33-сола аз ноҳияи Ховалинг буд, қабл аз кушта шудан дар симмати муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара фаъолият мекард ва рӯзи 16-уми сентябр, ҳангоми муқобилият ба ҳамлаи таҷовузгаронаи Қирғизистон ҷони худро аз даст дод.
Аз марҳум Шуҳратҷон Наҷмиддинов 3 фарзанд ятим монданд.
Бояд гуфт, хабари даргузашти Шуҳратҷон Наҷмиддиновро модари марҳум Замзам Мирзоева дар шабакаи иҷтимоии фейсбук интишор кард.
Пас аз нашри хабар, як гурӯҳ истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси ноҳияи Ховалинг Маҷиди Муҳтадӣ муроҷиат намуда, дархост карданд, ки “ба хотири абадан ба ëдгор мондани номи шаҳиди ҷонфидо Шуҳратҷон Наҷмиддинов ягон муассиса ва ё хиёбон ба номи ӯ гузашта шавад”.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки мактаби №27-и деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ба номи Хирадманд Усмонзода, як афсари дигари ҷонбохта дар даргириҳои марзӣ, номгузорӣ шавад. Алиқул Қодиров, раиси ҷамоати деҳоти Урметани Айнӣ дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дод ва гуфт, “пешниҳоди мазкур дар ҳоли татбиқшавӣ қарор дорад ва умед дорем, ки он расмӣ гардад”.
Хирадманд Усмонзодаи 28-сола яке аз афсарони дигари қурбоншуда дар муноқишаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аст ва аз ӯ низ як кӯдаки дусола ятим мондааст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз муноқишаи моҳи июни соли равон, ки он замон низ чанд нафар сарбозону афсарони тоҷик қурбон шуда буданд, дар Исфара 9 кӯчаро дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои Чоркӯҳ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ гузошта буданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста