Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз, 4-уми октябр, муҳокимаи парвандаи журналисти боздоштшудаи тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатиро ба анҷом расонид ва ӯро ба 7,5 соли зиндон маҳкум намуд.
Ҷониби ҳимоя мегӯяд, ки аз болои ҳукми суд шикоят хоҳад кард.
Мурофиа додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ имрӯз, 4-уми октябр, дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва дар он сухани охирин ба журналист дода шудааст. Дар ин бора аз Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон хабар медиҳанд.
Ин маркази менависад, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ зимни сухани охирини худ бори дигар таъкид намудааст, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.
Новобаста ба ин, суд Абдуллоҳ Ғурбатиро бо моддаҳои 328 қисми 1, 330 қисми 1 ва 307 қисми 2 банди 3-и КҶ гунаҳкор карда, ба 7,5 соли зиндон равонаи зиндон намуд.
Ҳамсар ва модари Абдуллоҳ дарҳол, пас аз огоҳ шудан аз ҳукми суд, гуфтанд, ки бо ҳукм розӣ нестанд ва онро ноодилона меҳисобанд. Онҳо гуфтанд, аз болои ҳукм ҳатман шикоят хоҳанд кард.
Дирӯз, 3-юми октябр, зимни ҷаласаи судӣ айбдоркунандаи давлатӣ аз суд хоҳиш карда буд, ки ба Абдуллоҳ 8 соли зиндони низомаш пурзӯр таъйин карда шавад, аммо суд ҷаласаи навбатиро ба рӯзи дигар, аммо номаълум гузошта буд.
Гуфтан ба маврид аст, ки мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбати дар бинои боздоштгоҳ ва пушти дарҳои баста ҷараён гирифт ва ба он модар, ҳамсар, хешовандони Абдуллоҳ ва рӯзноманигоронро роҳ надоданд.
Сабаби ба мурофиа роҳ надодани пайвандони наздики Абдуллоҳ ва журналистон ва ҳамин тавр, дар бинои боздоштгоҳ ва пушти дарҳои баста баргузор намудани мурофиа то ҳол маълум нест ва бо гузашти се ҷаласаи судӣ касе шарҳ намедиҳад.
Қаблан ҳамсари Абдуллоҳ бо ирсоли мактуби кушод ба унвони президент Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, ки муҳокимаи парвандаи шавҳарашро зери назорати шахсии худ гирад ва нагузорад, ки як оилаи ҷавон аз ҳам ҷудо шавад.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.
Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста