Имрӯз, 7-уми октябр, мурофиаи додгоҳии Далери Имомалӣ, блогнавис ва журналисти боздоштшудаи тоҷик дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора Радио Озодӣ иттилоъ медиҳад.
Далери Имомалӣ аз ҷумлаи чор журналисти тоҷик аст, ки чор моҳ пештар боздошт гардид. Ӯ барои соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар дониста мешавад.
Гуфта мешавад, ки парвандаи ӯро Даврон Назарзода, судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ менамояд.
“Дар мурофиаи аввал аксари шоҳидон даъват ва пурсида шуданд. Ҳамсари Далерро ҳам ба мурофиа роҳ доданд. Мурофиаи дуюм ҳафтаи оянда баргузор мешавад”, - менависад Радиои Озодӣ.
Кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои дастрас кардани маълумоти бештар аз Суди ноҳияи Шоҳмансур бенатиҷа монд. Пайвандони Далери Имомалӣ ҳам дар хусуси парвандаи ин рӯзноманигор ва блогер суҳбат намекунанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Далери Имомалӣ 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд. Нисбати ӯ бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва 307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик муҳокимаи судӣ оғоз гардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста