Муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо пӯшиши иттилоотии бесобиқаи ҳарду ҷониб анҷом ёфт. Ҷониби Қирғизистон, тибқи мушоҳида, худро фаъолтар нишон медод: ҳатто дар яке аз баннерҳо дар Киев иттиҳоми «таҷовузкор» будани Тоҷикистон баромад - он навиштаҷоти чанд рӯзе овезон буд.
Аммо, ба ҳар ҳол, дар ҷанги иттилоотӣ кӣ бурд ва кӣ бохт, чаро, ва ин натиҷаҳо моро ба чӣ водор мекунад, мо дар оянда чӣ тадбирҳое бояд андешем?
Ин мавзӯъро дар доираи ток-шоуи «Рости гап» бо коршиносон, фаъолон ва рӯзноманигорон матраҳ кардем.