Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон, зимни аёдат аз хонаводаи онҳое, ки дар муноқишаҳои охири марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон қурбон шуданд, гуфтааст, афроде, ки дар роҳи ҳифзи Ватан аз ҳар гуна таҷовуз ҷон супурдаанд, ба мартабаи баланди шаҳодат расидаанд.
Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросим хабар доданд, ходимони динии кишвар, аз ҷумла Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон аввали моҳи октябр хонавода ва пайвандони ҳар як шаҳидони марзро аёдат карда, ба онҳо кумаки ғизоӣ ва пулӣ расонидаанд.
“Намояндагони Кумита ба аҳли хонавода, падару модар ва фарзандону пайвандони онҳое, ки дар роҳи таъмини сулҳу субот, ҳифзи марзу буми Ватан, якпорчагии давлат ва ҳимояи он аз ҳуҷумҳои таҷовузкорона сина сипар карданд, изҳои таъзия ва ҳамдардӣ намуданд”,- менависад манбаъ.
Аз ин ниҳод афзуданд, Сулаймон Давлатзода зимни суҳбат бо падару модарони афсарону сарбозони шаҳидгардида барои тарбияи фарзандони ғайюру ватандӯст ва фидоии роҳи Ватан арзи сипосу қадрдонӣ намуда, аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо изҳори таслияту ҳамдардӣ баён намудааст.

Саидмукаррам Абдуқодирзода афзудааст, афроде, ки дар роҳи ҳифзи Ватан аз ҳар гуна таҷовуз ҷон супурдаанд, ба мартабаи баланди шаҳодат расидаанд ва шаҳидон дар назди Худованд аз эътибори баланде бархӯрдоранд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии сарҳад миёни ҳам баҳс доранд ва сари ҳар чанд вақт ин боис ба муноқишаи мусаллаҳона низ мегардад. Охирин муноқишаи марзӣ, ки 14-17-уми сентябр сар зад, боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб гардид.
Бо вуҷуди созишномае, ки 19-уми сентябр байни роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар мавриди суботи авзоъ ва дур кардани нерӯҳо аз хати марз ба имзо расид, таниши лафзии тунд дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар давом дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста