Имрӯз, 24-уми октябр, дар Тоҷикистон ҳаво сард шуда, дар бештари шаҳру ноҳияҳои кишвар боридани барфу борон пешбинӣ мегардад. Дар ин бора оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борон пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат шабона 8+10 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм дар назар аст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қисман боридани борон пешгӯӣ шуда, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф оҳиста меборад.
“Аммо ҳарорат дар водиҳо шабона то 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона то 10+15 дараҷа гармӣ мерасад”, - гуфтааст Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои ин ниҳод, вазъи имрӯзаи ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф пешбинӣ мешавад.
“Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3-8 то 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад”, - гуфтааст оҷонсӣ.
Ҳамин тавр, дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боридани борону барф дар назар буда, дар водиҳо танҳо боридани борон пешбинӣ мешавад.
Ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Ин ниҳод афзудааст, дар вилояти Хатлон низ дар ноҳияҳои алоҳида борон дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста