Рустам Иброҳимов ва Маҳбуба Фатоҳова, директор ва муовини директори мактаби №17-и ноҳияи Фархор, дар робита ба навори дағалонаи як хонанда аз вазифа озод гардиданд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин навор ҳафтаи гузашта дар канали «ParvizTV» нашр шуд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Дар навор дар рафти дарс хонанда омӯзгорро дашном ва суханони қабеҳ мегуфт.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки баъд аз нашри навор, бо дастури Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, навори мазкур мавриди таҳқиқ қарор дода шудаааст ва шахсияти хонанда муайян гардидааст.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муайян кардааст, ки “қаҳрамон”-и навор хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фархор, ҳамзамон, фарзанди директори ҳамин муассиса Рустам Иброҳимов буда, ҳолати мазкур 6-уми октябр дар рафти дарси забон ва адабиёти тоҷик бо омӯзгори дарсдиҳанда Миҷгона Сафарова рух додааст.
"Дар натиҷа бо фармоишҳои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор директори муассиса Рустам Иброҳимов ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Маҳбуба Фатоҳова аз вазифа озод гардиданд",- омадааст дар хабарномаи вазораи маориф.
Ҳамчунин, нисбати мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати беназоратӣ ва дуруст ба роҳ намондани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ муҷозоти интизомӣ татбиқ гардид.
Нисбати хонандаи мактаб аз ҷониби масъулини хадамоти кор бо ноболиғони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор мавод тартиб дода шуда, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори интизомӣ дар баррасӣ қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста