Вакилони парлумони Тоҷикистон созишномаи грантӣ оид ба таъмири роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма-Шамсиддин Шоҳин ва Чашмасор-Лангарро тасдиқ карданд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки харҷи таъмир 800 ҳазор доллари америкоӣ (250 ҳазор динори кувайтӣ)-ро ташкил дода, ҳамчун қарзи бебозгашт бо маблағгузории Фонди Кувайтии рушди иқтисоди Араб амалӣ мешавад.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилон гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба беҳтар гардидани роҳҳои автомобилгарди байнидеҳавӣ, осон гардидани рафтуомади сокинон, афзоиши ҳамлу нақли бор, рушди иқтисодиву иҷтимоии сокинони деҳаҳои пайвастшаванда ба роҳи байналмилалии Душанбе – Кулоб - Хоруғ - Кулма, беҳтар гардидани инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси ошхонаҳои назди роҳӣ, меҳмонхонаҳо, истгоҳҳои таъмири техникӣ, мағозаҳои фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ин тартиб таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Ӯ афзуд, фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буда, ширкати татбиқкунандаи лоиҳа Маркази татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Дашанбе-Чанок” мебошад.
“Роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма-Шамсиддин Шоҳин (дарозиаш 48км) аз ҳудуди ноҳияи Восеъ ва Ш. Шоҳин мегузарад. Он имконияти ҳаракати таворавии воситаҳои нақлиётро низ барои ин минтақа таъмин месозад. Оғози роҳ дар километри 168-и шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма ҷойгир мебошад”, - гуфт вазири нақлиёт.
Гуфта мешавад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур Роҳи автомобилгарди Чашмасор-Лангар бо дарозии 8,5 км дар ноҳияи Муъминобод ҷойгир мебошад. Оғози сохтмони роҳ аз километри 23,5-уми роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод оғоз мегардад.
Ба гуфтаи Азим Иброҳим сохтмони ин қитъаи роҳ аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ дошта ба афзоиш ёфтани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, васеъ гардидани имкониятҳои интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои минтақа ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста