“Хонабардӯшон” достони чаҳор ҷавони эҷодкори афғон аст, ки баъди суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карданд ва ҳамакнун, талош доранд бо ҳунари худ дар макони нав аз худ нақше боқӣ монанд.
Филми мустанади “Хонабардӯшон” перомуни зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии чор тан аз ҳунармандони он сӯи Ому қисса мекунад, ки қабл аз фирор аз ватани хеш, дар риштаҳои гуногуни санъат фаъолият мекарданд. Акнун, ба иллати сар задани ҷангу низоъҳо дар Афғонистон, онҳо дар баробари садҳо тан аз ҳамватанонашон тарки ватан карданд. Авзои ноороми ватан онҳор водор кард, ки ба Тоҷикистон ҳиҷрат кунанд. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ҳамоно фаъолияти эҷодияшонро идома медиҳанд. Инак беш аз як сол аст, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва албатта, то андозае аз ҷомеаи Тоҷикистон ва фазои фарҳангии он огоҳӣ доранд.
Коргардон ва муаллиф Тоҳир Назар ва наворбардор Абдукарим Уроқов буда, филм аз тақдири Фаҳим Фано, Ҷаҳиш Аҳмад-Зоҳир, Умар Хомӯш ва Забиулло Сайфӣ нақл мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста