Сафорати Покистон дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзишии Покистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 145-умин солгарди зодрӯзи Аллома Муҳаммад Иқбол “Рӯзи Иқбол”-ро баргузор кард, ки дар он олимони шинохта, донишҷӯёни тоҷику покистонӣ ва намояндагони ҷомеаи Покистон ширкат доштанд.
Чорабиниро профессор Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ карда, дар бораи паҳлӯҳои мухталифи ашъор ва фалсафаи Аллома Иқбол андешаҳои худро баён кард.
Сафир Имрон Ҳайдар дар суханронии худ фалсафаи шоири Шарқро, ки дар бедории сиёсии мусулмонони қитъа нақши муҳим бозидааст, таъкид кард.
Вай гуфт, Аллома Иқбол рӯҳияи мусалмононро барои ҷустуҷӯи шахсияти аслии онҳо, кашф ва тасвиби мафҳуми “худӣ” барои пешрафту шукуфоии фардӣ ва дастаҷамъӣ эҳё кард. Ашъори Аллома Иқбол паёми умумибашарӣ дорад, ки ӯ орзуи беҳбудии тамоми башариятро дошт.
Сафир Ҳайдар афзуд, ки Аллома Иқбол дар соли 1930 дар Оллоҳобод ба мо дар бораи ватани ҷудогона барои мусулмонони нимҷазираи худ гуфта буд, ки 14 августи соли 1947 ба воқеият табдил ёфт.

Дар рафти чорабинӣ чанде аз донишмандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бораи паҳлӯҳои мухталифи осори Аллома Иқбол ибрози назар карданд. Онҳо таъкид карданд, ки осори Иқбол дорои эътибори ҳамагонӣ буда, дар саросари ҷаҳон қадрдонӣ мешавад. Барои муқовимат бо чолишҳои имрӯза, ки дар маҷмӯъ ҷомеъаҳои муосир ва ба вижа ҷомеаҳои мусулмониро азият медиҳанд, зарурати бозгашт ба паём ва тафаккури Иқбол пеш омадааст.
Ҳамчунин, зимни чорабинӣ донишҷӯёни факултети забони урдуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз абёти аллома Муҳаммад Иқбол шеърҳо қироат карданд.
Чорабинӣ бо тақдими туҳфаҳои барои донишҷӯён ва устодони донишгоҳ омоданамудаи Сафорати Покистон ба анҷом расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста