Агар умр вафо мекард, имрӯз Бозор Собир 83-сола мешуд, аммо ӯ чаҳор сол қабл дар синни 79-солагӣ дунёро падруд гуфт. Ин наворҳо ҳам аввалин таҷлили ҷашни зодрӯзи Бозор Собир бидуни иштироки худаш аст, ки ҳоло бознашр мекунем.
Яке аз шеърҳои машҳури Бозор Собир - “Забони модарӣ”, ки солҳои 1980-ум эҷод шудааст, дар худ ормонҳои миллати тоҷикро таҷассум карда, Бозор Собирро яке аз маҳбубтарин шоирони тоҷик намудааст. Баъдтар, дар оғози ҷунбиши бедорӣ ва даъвоҳои мақоми расмӣ додан ба забони тоҷикӣ ин шеъри Бозор Собир ба шиор табдил ёфт.
Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Адабиётшиносон Бозор Собирро аз шоирони насли нави адабиёти тоҷик медонанд, ки дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Охири солҳои 80-ум ба сиёсат пайваст ва соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1993 9 моҳ зиндонӣ шуд ва пас аз раҳоӣ ба Маскав ва аз онҷо ба Амрико кӯчид.
Соли 2013 бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, ки дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Ҳар сари чанд вақт ба Амрико барои дидорбинии пайвандонаш мерафт.
Паз чанд муддати беморӣ 1 майи соли 2018 дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтли Амрико аз олам гузашт ва тобути ӯ ба ватан оварда, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста